Академияи илмҳо: “Дар Тоҷикистон доруи зидди COVID-19 ихтироъ шуд”

Дар Тоҷикистон олимон бар асоси гиёҳҳои шифобахш доруи зидди коронавирус ихтироъ карданд. Дар ин бора имрӯз, 29 июл зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни замон ин дору ба қайд гирифта мешавад. “Пас аз дарёфти патент дар ин хусус ба ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод мешавад, […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон олимон бар асоси гиёҳҳои шифобахш доруи зидди коронавирус ихтироъ карданд. Дар ин бора имрӯз, 29 июл зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ин дору ба қайд гирифта мешавад.

“Пас аз дарёфти патент дар ин хусус ба ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод мешавад, – гуфт ӯ. – Ҳозир танҳо гуфта метавонам, ки дору бар асоси гиёҳи шифобахши “Ҷорӯбак” (бо русӣ – “Сорго” ё”Парин”) тайёр шуд. Он ҳароратро поин фароварда, муолиҷаи шушро осон мекунад”.

Раҳимӣ инчунин хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон олимон аз рӯи 11 мавзӯъ, аз ҷумла дар бахшҳои риёзиву физика, оптика ва электроникаи квантӣ, амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ корҳои таҳқиқотиро идома доданд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳолати 1 июл дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академия 372 магистр (дар курсҳои якум ва дуюм) аз рӯи 43 ихтисос таҳсил мекунанд.

Аз шумори умумии аспирантон (унвонҷӯён) 207 нафарашон занон мебошанд. Дар 17 муассисаи Академия 244 докторант таҳсил доранд.

Раиси АМИТ инчунин зикр кард, ки тибқи қарордод бо Академияи илмҳои Беларус15 нафар аз Тоҷикистон ба Минск барои гузаштан аз давраҳои омӯзишӣ оид ба всирусшиносӣ ва COVID-19 фиристода мешаванд.

“Рӯзҳои 26-28 сентябр олимон ва намояндагони Академияи илмҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав гирдиҳам меоянд, то ки мушкили норасоии кадрҳо ва дигар масоили мубрами илмро баррасӣ кунанд”, – гуфт Раҳимӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.