Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон 35% кам шуд

Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35% кам шудааст. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, аз ин рӯ, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мунтазам […]

Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35% кам шудааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, аз ин рӯ, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар  инчунин, дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки болоравии боҷи гумрукии фурӯши зироати ғалладонаи Русия ва боздоштани содироти гандум аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон таъсири назаррас расонид.

Дар Тоҷикистон нархи як халта орди вазнаш 50 кило аз 280 сомонии арзиши пешина то ба 380 сомонӣ боло рафт.

Қобили зикр аст, ки пас аз оғози даргириҳо байни Русия ва Украина дар бозори асъор ва маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон тағйирот ба вуҷуд омад.

Тоҷикистон орду гандумро қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир воридоти орд афзуда, гандум бошад, баръакс зиёд мешавад. Ин ба ифтитоҳи иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон оид ба коркарди гандум вобаста аст, ки айни замон қариб 90%-и талаботи кишварро ба орд таъмин мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...