Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони молӣ 20 миллион $ кӯмак мекунад

Душанбе. 27-уми март – Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин кишвар 20 миллион доллар кӯмак мекунад. Намояндаи доимии ин ниҳоди молии байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, Кяра Бронки гуфтааст, ин сармоя бояд ба пуштибонӣ аз барномаи ҳукумат дар ҳифзи эътидоли макроиқтисодӣ равона шавад. Вай афзуд, мақсади кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ин […]

root


Душанбе. 27-уми март – Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин кишвар 20 миллион доллар кӯмак мекунад.




Намояндаи доимии ин ниҳоди молии байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, Кяра Бронки гуфтааст, ин сармоя бояд ба пуштибонӣ аз барномаи ҳукумат дар ҳифзи эътидоли макроиқтисодӣ равона шавад.



Вай афзуд, мақсади кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ислоҳотро идома дода, ба барномаҳои коҳиши фақр тамаркуз кунанд ва қисман камбуди сармояро, ки бар асари бӯҳрон падид омадааст, ҷуброн намоянд.



Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодиро дар Тоҷикистон дар соли равон 3 % пешгӯӣ мекунад, аммо Кумисюни иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ мегӯяд, даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта қариб 2,5 % кам хоҳад шуд. Дар ин бора радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.