Душанбе: таксирони 23-сола барои таҳқири зан 10 рӯз ҳабс шуд

Date:

Сокини 23-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе барои таҳқири зани 30-сола ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Санади маъмурӣ тибқи моддаи 640 (Авбошӣ) тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, як зани сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба Раёсат муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки “нисбати ронандаи таксӣ, ки ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст, чораҷӯӣ шавад”.

“Бар асоси ин муроҷиат шаҳрванд Шаҳром Розиқов, ронандаи таксӣ боздошт шуд, – омадааст дар хабари Раёсат. – Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки рӯзи 27 июл Розиқов нисбати зан беэҳтиромӣ зоҳир намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни бозпурсӣ ва омӯзиши навори видео аз ҷойи ҳодиса гуноҳи ронанда пурра исбот шудааст.

“Ӯ ҳақиқатан ҳам нисбати зан рафтори номуносиб карда, бо алфози қабеҳ ӯро таҳқир мекунад”, – зикр мешавад дар хабари Раёсат.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Боздоштшуда Шаҳром Розиқов

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, Розиқов ва ин зан бо ҳам шинос будаанд.

“Вақте ронанда ба зан муроҷиат мекунад, ӯ нахостааст, ки посух бидиҳад ва дар ҷавоб ронанда ӯро таҳқиру дашном медиҳад”, – гуфт манбаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...