Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Мақомоти прокуратура аз рӯи далели ҳалокати се муҳоҷир дар як обрав (коллектор)-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Яке аз ҳалокшудагон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сафорати Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки зарурӣ ба пайвандони марҳум изҳори омодагӣ кард. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7 август ҳангоми баргузории корҳои таъмир дар обрав рух дода, дар натиҷа 12 нафар коргарон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Мақомоти прокуратура аз рӯи далели ҳалокати се муҳоҷир дар як обрав (коллектор)-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Яке аз ҳалокшудагон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сафорати Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки зарурӣ ба пайвандони марҳум изҳори омодагӣ кард.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7 август ҳангоми баргузории корҳои таъмир дар обрав рух дода, дар натиҷа 12 нафар коргарон дар даруни чоҳи обрав дармонданд. Чор нафар мустақилона аз он баромада, панҷ нафарро наҷот доданд ва се тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Се нафари боқимонда аз чоҳ баромада натавониста, ҳалок шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дирӯз, 8 август дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, аз ин ҳодисае, ки бар асари он як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид, огаҳанд.

“Сафорат ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор намуда, барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида омода аст”,- зикр мешавад дар хабари сафорат.

“Аз рӯи маводи санҷишӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷараёни тафтишот зери назорати прокуратура аст”, – хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба прокуратура.

Ба иттилои манбаъ, прокуратураи Маскав ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузории федералӣ дар бораи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ санҷиш мегузаронад.

Хабаргузории INTERFAX менависад, дар доираи парвандаи марги се коргар дар ҷоҳи обрав роҳбари 38-солаи ташкилоти паймонкор боздошт шудааст.

“Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар ташкилоти паймонкор кофтуков гузаронида шуда, ҳуҷҷатҳои хидматӣ мусодира ва ҳамаи ташхисҳои судӣ таъин карда шуданд”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.