Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд

Date:

Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон се шоҳмотбози Тоҷикистон меъёрҳои унвони устоди байнулмилалиро иҷро карданд.

Дар мусобиқа байни занон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 имтиёз гирифта, тавонист, ки меъёри Устоди байнулмилалиро байни занон (WIM) иҷро кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Надежда Антонова

Дараҷаи устодии FIDE-ро инчунин Ҷалолиддан Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола низ иҷро карда, дар ҳисоби шахсӣ дар 9 бозӣ ҳар кадоме 6 хол ба даст оварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷалолиддин Илҳомӣ

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳриддин Шарифов

Дар даври охири Олимпиада мунтахаби мардон ва занони Тоҷикистон бозиро мутаносибан бо Ирландия ва Боливия мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби мардони Тоҷикистон байни 186 даста зинаи 67-ум ва мунтахаби занон миёни 162 даста – мақоми 77-умро ишғол намуданд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон бори нахуст дастаи Ӯзбекистон ғолибият ба даст оварда, зинаи дуюму сеюмро Арманистон ва Ҳиндустон касб карданд.

Мунтахаби Ӯзбекистон ягона дастаест, ки ягон бозии Олимпиадаро дар Ҳиндустон набохтааст.

Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон 28 июл оғоз гардида, имрӯз ба охир мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...