Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд

Чанде пеш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қурбонии навбатии риоя накардани қоиддаҳои бехатарӣ дар обро аз канал берун оварданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бори навбатӣ боз як ноболиғ ғарқ шудааст. “Шоми 9 август ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми […]

Чанде пеш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қурбонии навбатии риоя накардани қоиддаҳои бехатарӣ дар обро аз канал берун оварданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бори навбатӣ боз як ноболиғ ғарқ шудааст.

“Шоми 9 август ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар  як канали байнидеҳавӣ бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон ғарқ ва ба ҳалокат расидааст”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса кормандони шуъбаи ноҳиявии Кумита сафарбар шуда, ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасадро даҳ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар обҳои кишвар 123 нафар ғарқ шуданд, ки 64 нафари онҳо ноболиғони то 16-сола буданд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро назорат карда, онҳоро танҳо ба оббозӣ иҷозат надиҳанд.

Ҷиддан бояд қоидаҳои будубош дар назди махзанҳои обро риоя намоянд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ барои ҳаёти шумо хатар дорад! Эҳтиёт кунед!!!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.