Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба вилояти Суғд сафар мекунад. Ҳадафи аслии сафар шиносоӣ бо вазъияти мавҷуда пас аз сирояти коронавирус дар вилоят, ифтитоҳи иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ унвон мешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар президент омодагии минтақаро ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон месанҷад.
Ҳамчунин вохӯриву мулоқотҳои сарвари давлат бо аҳолии вилоят, фаъолони чанде аз шаҳру навоҳии Суғд дар назар аст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд то 7 феврал идома меёбад.
Дар ин робита, ҳангоми сафар ба шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар, инчунин зимни ҳаракати қатораи мошинҳои сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд баъзе роҳҳо баста мешаванд.
Тавре РБДА дар вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни сафари президент ҳаракат тариқи роҳҳои кӯчаҳои зерин муваққатан баста мешавад:
2 феврал – Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Гагарин ва Ленин дар шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои И.Сомонӣ ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Чашма, ҷамоати Д.Холматови шаҳри Гулистон.
3 феврал – роҳ ба шаҳри Гулистон, ҷамоати Д.Холматов то чорраҳаи Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров.
4 феврал – роҳ ба шаҳри Гулистон, ҷамоати Д.Холматов ноҳияи Ғафуров ва кӯчаҳои Сирдарё, С.Умаров, Р.Ҷалил, И.Сомонӣ ва Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд.
5 ва 6 феврал – кӯчаҳои мрказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаи ба номи С. Урӯнхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров.
7 феврал – кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Гагарин, Ленини шаҳри Бӯстон.
РБДА вилоят аз ронандагон даъват мекунад, ки ин маҳдудиятҳоро дуруст дарк намуда, онҳоро риоя кунанд ва дар сурати зарурат, аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.