Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад

Сабти силсилафилми “Хона” бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом идома дорад.    Мавсими аввали филм аз 10 қисм иборат аст ва филм аз он қисса мекунад, ки  сарфи назар аз ҳоло дар қайди ҳаёт будани падар, се бародар мехоҳанд меросӣ падариро миёни ҳам тақсим кунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки бародари […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Сабти силсилафилми “Хона” бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом идома дорад.   

Мавсими аввали филм аз 10 қисм иборат аст ва филм аз он қисса мекунад, ки  сарфи назар аз ҳоло дар қайди ҳаёт будани падар, се бародар мехоҳанд меросӣ падариро миёни ҳам тақсим кунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки бародари хурдӣ хонаро дар бонк ба гарав гузоштааст.

Онҳоро мебояд аввалан хонаро аз гарав озод кунанд ва сипас байни ҳам тақсим намоянд.  Барои сабти ин филм ҳунармандон аз театри Конибодом ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳури ҷалб карда шудаанд.

Буҷети филм тақрибан 500 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад. Як қисми ин маблағ аз ҳисоби гуруҳи эҷодӣ ва боқимонда аз ҳисоби грант маблағгузорӣ шудааст. 70 фисади наворбародории ин филм дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом аст. Коргардон ва ҳайати эҷодӣ барои сабти ин филм хонаи яке аз сокинони он деҳаро интихоб кардаанд.

Мавсими аввали филми “Хона” дар фасли зимистон ба рӯи экранҳо мебарояд. Инчунин филмро метавон дар кинотеатри онлайнии “Баҳор” ва шабакаи иҷтимоии ютуб низ  тамошо кард.

Гуфта мешавад, ки онро дар телевизионҳои ҷумҳурӣ низ ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.