Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия дар мусобиқоти ҷудои вазни то 90 кг ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Комроншоҳ бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омада, вале дар финал […]

Asia-Plus

Ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия дар мусобиқоти ҷудои вазни то 90 кг ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Комроншоҳ бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омада, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, намояндагони дигари Тоҷикистон Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медалҳои медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдрас мешавад, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

Пас аз натиҷагирии ҳашт рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ (121 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ (116 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳо 18-уми август анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.