Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори Русия пайдо шаванд

Дар Русия фурӯши мошинҳои ширкати эронии Iran Khodro (Эрон Худрав) эҳтимол ба зудӣ оғоз шавад, хабар дода мешавад дар торнамои autonews.ru. Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори мо пайдо шаванд.  Дар ин бора нашрияи "Коммерсанть" бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад.  Ба гуфтаи Меҳдии Хатибӣ раиси ширкати "Iran Khodro", […]

Дар Русия фурӯши мошинҳои ширкати эронии Iran Khodro (Эрон Худрав) эҳтимол ба зудӣ оғоз шавад, хабар дода мешавад дар торнамои autonews.ru.

Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори мо пайдо шаванд.  Дар ин бора нашрияи "Коммерсанть" бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад. 

Ба гуфтаи Меҳдии Хатибӣ раиси ширкати "Iran Khodro", онҳо аллакай бо ҷониби Русия тамоми музокироти заруриро анҷом додаанд. Вай таъкид кардааст, ки бозори Русия барои онҳо яке аз муҳимтарин бозорҳо хоҳад шуд. Ба иттилои Gazeta.ru. ширкат инчунин ба нақша гирифтааст, ки ба Озарбойҷон, Уммон ва Ироқ мошин содир кунад.

Тақрибан 20 сол пеш мошинҳои "Iran Khodro" аллакай дар Русия фурӯхта мешуданд. Ба ин тариқ, седани Samand-ро, дар заминаи модели Peugeot 405 сохта шудааст, метавонистӣ дар Русия солҳои 2006-2009 харидорӣ намуд. Лекин ҳаҷми фурӯшаш на он қадр қобили мулоҳиза буд.

Гуфта мешавад, ки "Iran Khodro" нақша дорад солона 100 ҳазор мошин содирот кунад.  Ин рақам аз ҳаҷми ҳозира панҷ баробар бештар аст.

Дар ҳамин ҳол раиси маркази русии "Эрониёни бурунмарзӣ" Мирзо Ғозӣ Аббос Муслим қаблан гуфта буд, ки тавлиди мошинҳои эронӣ метавонад дар корхонаи "Москвич" роҳандозӣ шавад.  Эҳтимол  сухан дар бораи модели KMC J7 меравад.

Ин мошин намунаи табдилшудаи модели чинии Sehol A5 Plus мебошад, ки аз ҷониби JAC истеҳсол шудааст.  Аммо дар ин бора то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.