Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Рӯзи 17-уми август дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 адад расид. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар қувваозмоиҳои даставӣ тими ҷудои Тоҷикистон нахуст бо тими ҷудои Узбекистон бояд сабқат мекард, вале ҷудочиёни […]

Asia-Plus

Рӯзи 17-уми август дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 адад расид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар қувваозмоиҳои даставӣ тими ҷудои Тоҷикистон нахуст бо тими ҷудои Узбекистон бояд сабқат мекард, вале ҷудочиёни узбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал ҷудочиёни мо бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз тими Озарбойҷон шикаст хурданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб карданд.

Ёдрас мешавад, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар ҷудо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Гуфта мешавад, Бозиҳо имрӯз, 18-уми август бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои каратэ, камонварӣ ва кикбоксинг анҷом меёбад. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд. Шоми имрӯз бошад, маросими пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, пас аз натиҷагирии 9 рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Ӯзбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.