Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё

Date:

Дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон бар асари таркиши автобусе, ки бо газ фаъолият мекард, 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар ин бора Подробно.уз. бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

"Дар ноҳияи Акалтини вилояти Сирдарё 18 август автобуси тамғаи "Исузу", ки пас аз хариди сӯзишворӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории газ ба ҳаракат баромада буд, таркид. Дар натиҷаи таркиш 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 15 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемиристон бистарӣ карда шуданд", – гуфта мешавад дар хабар.

Ба ҷойи ҳодиса ҳайати кормандони КҲФ – Ӯзбекистон ҳозир шуда, сабабҳои ҳодисаи рӯйдодаро таҳқиқ менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...