Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (ММА) миёни варзишгарони синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуданд.     Исмоил Зайниддинов (44 кг) ва Амруллои Амриддин (48 кг) […]

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (ММА) миёни варзишгарони синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуданд.

 

 

Исмоил Зайниддинов (44 кг) ва Амруллои Амриддин (48 кг) ба дарёфти медали нуқра, Абӯбакр Нормуродов (44 кг), Саидамир Хаскашов (48 кг) ва Абӯбакр Ғафуров (62 кг) – ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар ин бора сомонаи расмии чемпионати ҷаҳон хабар медиҳад. 

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА байни ҷавонон се категорияи мусобиқаҳои наврасон мутобиқи қоидаҳо барои наврасони сини аз 12 то 13-сола (Youth C), аз 14 то 15-сола (Youth B) ва аз 16 то 17 сола (ҷавонон А) гузаронида мешавад.

Имрӯз ва пагоҳ размикорони категорияи синни 16-17-сола рақобат мекунанд. Ҳайати Тоҷикистон иборат аст аз:

1. Аминҷон Сайвалиев – 52 кг

2. Ислом Саидов – 52.2 кг

3. Яҳё Ҷумъаев – 56.7 кг

4. Талабшо Ниёзов – 56.7 кг

5. Оятулло Исоев – 61.2 кг

6. Иброҳими Саидмумин – 65.8 кг

7. Аҳмадшох Абдуллоев – 70.3 кг

8. Улуғбек Асроров – 70.3 кг

9. Назар Леонтев – 77.1 кг

10. Ҷамшед Неъматов – 83.9 кг

11. Қобилджон Абдуллоев – 93 кг

12. Муҳаммадҷон Юнусзода – 120 кг.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали чемпионат байни варзишгарони синни 12-13-сола Хуршедҷон Шокиров дар вазни 37 кг, Сунатулло Наврӯзов дар вазни 34 кг ва Хайёмҷон Чӯянов дар вазни 31 кг унвони қаҳрамониро ба даст оварда буданд.

Абӯбакр Сатторов (48 кг) ба дарёфти медали нуқра, Абдунаим Раҳимов (44 кг) ва Абӯбакир Рустамов (31 кг) – медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар чемпионати имсола 498 варзишгар аз 41 кишвар иштирок мекунанд, ки хеле зиёдтар аз Чемпионати ҷаҳони соли 2021 дар Булғористон (331 варзишгар аз 23 давлат) аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.