Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд

Дар Душанбе аз Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон, ки дар Қасри теннис ва навъҳои варзиш дар об доир гардид, натиҷагирӣ шуд. Чемпионат бо пирӯзии бечунучарои тими Эрон, ки аз 10 медали тилло 8-тоашро ба даст овард, анҷом ёфт. Ду медали тиллои боқимонда насиби дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон шуд. Қобили зикр аст, ки дастаи Эрон […]

Дар Душанбе аз Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон, ки дар Қасри теннис ва навъҳои варзиш дар об доир гардид, натиҷагирӣ шуд.

Чемпионат бо пирӯзии бечунучарои тими Эрон, ки аз 10 медали тилло 8-тоашро ба даст овард, анҷом ёфт. Ду медали тиллои боқимонда насиби дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон шуд.

Қобили зикр аст, ки дастаи Эрон дар навъи омехта (марду зан) рақобат накард, зеро қонунҳои ин кишвар ба бозии якҷояи марду зан иҷоза намедиҳанд.

Мунтахаби Тоҷикистон 7 медал – 1 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овард. Омина Охунқадамова ва Мафтуна Шарифова дар навъи ҷуфт байни духтарони синни то 17-сола зинаи дуюмро ишғол намуданд.

Ба ин тариқ, тибқи натиҷаҳои умумидаставӣ, зинаҳои ишғолкардаи дастаҳо тариқи зайл аст: 1. Эрон – 12 медал (8 тилло ва 4 нуқра), 2. Ӯзбекистонн – 10 медал (1 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ), 3. Қазоқистон – 10 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 8 биринҷӣ), 4. Тоҷикистон – 7 медал (1 нуқра ва 6 биринҷӣ), 5. Қирғизистон (1 медали биринҷӣ).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.