Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон

Дар доираи вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд котибони шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия Нурулло Маҳмудзода ва Николай Патрушев дидору гуфтушунид карданд. Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо ҷараёни рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин сатҳи баланди ҳамкориҳоро дар ниҳодҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз […]

Дар доираи вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд котибони шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия Нурулло Маҳмудзода ва Николай Патрушев дидору гуфтушунид карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо ҷараёни рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин сатҳи баланди ҳамкориҳоро дар ниҳодҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ таъкид доштанд.

Ба иттилои манбаъ, Патрушев ва Маҳмудзода масоили ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ба вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо аз амиқ шудани буҳрони иқтисодиву башардӯстона ва фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин самт Патрушев ва Маҳмудзода ҳамкории кишварҳоро дар мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти ҳарбӣ таъкид карданд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Тошканд вохӯрии 17-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, инчунин таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ дар назар аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.