Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?

Дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 50% аз ҳосили ғуншударо дар соли 2021 ташкил медиҳад. Соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда буд. Нимаи аввали соли 2022 болоравии назарраси нархи пиёз дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида расид. Моҳҳои март-июни соли 2022 нархҳо ба […]

Дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 50% аз ҳосили ғуншударо дар соли 2021 ташкил медиҳад. Соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда буд.

Нимаи аввали соли 2022 болоравии назарраси нархи пиёз дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида расид. Моҳҳои март-июни соли 2022 нархҳо ба нишондиҳандаи баландтарин расида, дар бозори дохилӣ арзиши 1 кило пиёз ба 8 сомонӣ расид.

Болоравии нархи пиёзро ба коҳиши заминҳои кишти он, афзоиши содирот ва ба охир расидани захира дар анборҳо марбут медонанд.

Дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар начандон зиёд пиёз мефурӯшад, лекин аз содир намудани пиёзи барвақтӣ истифода мебарад. Айни замон содирот аз кишвар маҳдуд шуд, чунки бо сабаби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар кишварҳои содиркунанда, нархи воридот ҳам поин рафт.

Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, дар моҳҳои июл-октябр аз поинравии мавсимии нархи пиёз интизорӣ меравад.

Айни замон нархи 1 кило пиёз дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 4-5 сомониро ташкил медиҳад ва минбаъд боз арзон шуда метавонад, лекин нархҳо бештар ба ҳаҷми ҳосили ҷамъоварда дар соли 2022 вобаста хоҳад буд.

Тибқи маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, соли ҷорӣ ҳудуди 66 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки 18 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар таносуби фоизӣ камшавӣ 22,5%-ро ташкил дода, он замон ин нишондиҳанда ба 83,9 ҳазор тонна баробар буд.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта даромад аз фурӯши пиёз 36% зиёд шуд. Агар соли 2021 даромад 4,7 млн долларро ташкил дода бошад, пас соли 2022 – аллакай ба 6,6 млн доллар расидааст.

Мувофиқи маълумоти портали atlasbig.com, аз рӯи истеҳсоли пиёз барои 1 нафар дар ҷаҳон Тоҷикистон (зиёда аз 65 кг) пас аз Нидерланд зинаи дуюмро ишғол мекунад. Камбудии ягона арзиши аслии баланди пиёз аст, ки бар асари қиматии нуриҳои минералӣ ва сӯзившорӣ ба вуҷуд меояд.

Тоҷикистон пиёзро асосан ба Русия ва Қазоқистон мефурӯшад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (1 кг – беш аз 2 доллар) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (1 кг – беш аз 3 доллар дар Филиппин, Индонезия ва Малайзия) нархҳо нисбатан баландтаранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.