Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди пул боздошт шуд. Аз бағочи мусофир кормандони Хадамоти гумрук зиёда аз 1,5 млн рубл пули эъломиянашударо ошкор намуданд. “Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри Сургут – Тошканд ҳангоми гузаштан аз долони “сабз”-и гумрук боздошт шуда, дар бағочи ӯ 1 млн 602 ҳазор рубл дарёфт шуд. Маблағе, […]

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди пул боздошт шуд.

Аз бағочи мусофир кормандони Хадамоти гумрук зиёда аз 1,5 млн рубл пули эъломиянашударо ошкор намуданд.

“Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри Сургут – Тошканд ҳангоми гузаштан аз долони “сабз”-и гумрук боздошт шуда, дар бағочи ӯ 1 млн 602 ҳазор рубл дарёфт шуд. Маблағе, ки зиёдтар аз 10 ҳазор доллари иҷозашуда аст, 999 ҳазору 626 рублро ташкил медиҳад, – хабар додааст дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тюмен.

Нисбат ба марди боздоштшуда тибқи моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст.

Маблағи баробар то 10 ҳазор доллар бо забонхат ба мусофир баргардонида шуда, пуле ки дар эъломия зикр нашуда буд, мусодира шудааст. Маводи парванда ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо пули зиёд дар фурудгоҳи Сургут боздошт мешаванд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар борхалтаи дастии мусофири хатсайри “Сургут-Хуҷанд” 1 млн 595 ҳазор рубли эъломиянашуда ошкор шуд.

Пас аз анҷоми расмиёти назорати гумрукӣ, 840 ҳазор рубли баробар ба 10 ҳазор доллар бо забонхат ба мусофир баргардонида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.