Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд

Шавкат Мирзиёев, ки бо даъвати ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз 17 то 19 август ба ин кишвар сафар кард, ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафта, аркони ҳаҷи умраро иҷро намуд. Ӯ, қабл аз ҳама, ба масҷиди набавӣ, ки дувумин макони муқаддас барои мусалмонон дониста шуда, дар […]

Шавкат Мирзиёев, ки бо даъвати ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз 17 то 19 август ба ин кишвар сафар кард, ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафта, аркони ҳаҷи умраро иҷро намуд.

Ӯ, қабл аз ҳама, ба масҷиди набавӣ, ки дувумин макони муқаддас барои мусалмонон дониста шуда, дар шаҳри Мадина қарор дорад, рафта намоз хонд ва қабри ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд.

Пас аз мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ӯ ба шаҳри Ҷидда ташриф оварда, бо як қатор роҳбарони созмонҳо ва бонкҳои исломӣ мулоқот кард.

Ӯ, ҳамчунин, зимни ин сафар ба подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мукофоти давлатии “Дараҷаи олии Имом Бухорӣ”-ро тақдим намуд.

Дар охирин рӯзи сафари худ, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Макка рафт. Ӯ дар ин шаҳр, аркони ҳаҷи умраро ба ҷо оварда, дар Масҷидулҳаром ва дохили Каъба намоз гузошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин сафари Шавкат Мирзиёев пас аз президент интихоб шудани ӯ ба Арабистони Саудӣ мебошад. Роҳбари қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд барои рӯҳониён дар кишвараш шинохта мешавад, низ 30 сол қабл ба зиёрати хонаи Худо рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.