Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд

Дар Намангон ду марде, ки шаби 10 август нусхаи дастнависи Қуръони каримро аз маҷмааи “Султон Увайси Қаранӣ” дуздида буданд, боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД-и минтақа иттилоъ медиҳад. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал як сокини Намангон ва сокини ноҳияи Чартак боздошт […]

Дар Намангон ду марде, ки шаби 10 август нусхаи дастнависи Қуръони каримро аз маҷмааи “Султон Увайси Қаранӣ” дуздида буданд, боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД-и минтақа иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал як сокини Намангон ва сокини ноҳияи Чартак боздошт шуданд. Нусхаи Қуръонро онҳо дар яке аз манзилҳои хонаҳои баландошёна дар кӯчаи Навоии шаҳри Намангон пинҳод кардаанд.

“Онҳо боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд, – омадааст дар хабар. – Ба дастнависи Қуръон осебе нарасидааст”.

Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш – 51 сантиметр ва ғафсиаш – 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.

Маҷмааи «Султон Увайс Қаранӣ» дар деҳаи Баликликӯли ноҳияи Чорток ҷойгир буда, на танҳо барои сокинони Ӯзбекистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ зиёратгоҳ маҳсуб мешавад. Он ба як авлиё бахшида шудааст, ки дар замони Паёмбар Муҳаммад (с) зиндагӣ мекард. Увайс Каранй зодаи Яман, тибқи ривоят, барои таблиғи ислом ба қаламрави Ӯзбекистони муосир омадааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.