Ду сокини деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шудаанд.
Тавре ки котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, муовини раиси ҷамоати зикршуда ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат мекунад.
“Барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд”, – гуфт котиби матбуотии Кумита.
Ҳамроҳи аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфту аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.
Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд.
“Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад”, – қайд кард Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.