Дар форуми “Помиринвест” ба маблағи $92 млн созишнома имзо шуд

Date:

Дар доираи кори Форуми байнулмилалии “Помиринвест-2022” соҳибкорон ва сармоягузорон ба маблағи умумии 950 млн сомонӣ (зиёда аз 92 млн доллар) созишнома ба имзо расониданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар созишномаҳо ҳамкории мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT-паркҳо ва дигар бахшҳои ояндадор пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Форуми байнулмилалии “Помиринвест” 17 август дар шаҳри Хоруғ доир гардида, барои иштирок дар кори он зиёда аз 150 нафар иштирокчиён гирдиҳам омаданд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар кори форум, аз ҷумла раҳбарияти ва шахсони масъули сохторҳои дахлдори Тоҷикистон, сармоягузорон аз Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон, инчунин соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд.

Дар доираи кори форум дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ бо таваҷҷӯҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” чорабиниҳо баргузор шуданд.

Қобили зикр аст, ки Форуми байнулмилалии сармоягузории “Помиринвест” давора ба давра аз соли 2011 гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, соли 2021 ба иқтисоди ВМКБ ба маблағи 3,7 млн доллар сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб шуданд, ки ҳамагӣ 1,1% аз ҳаҷми умумии чунин сармоягузориро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Давоми солҳои 2008-2021 ҳаҷми ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди минтақа 103,7 млн долларро ташкил дод, ки ба 1% аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...