Дар форуми “Помиринвест” ба маблағи $92 млн созишнома имзо шуд

Дар доираи кори Форуми байнулмилалии “Помиринвест-2022” соҳибкорон ва сармоягузорон ба маблағи умумии 950 млн сомонӣ (зиёда аз 92 млн доллар) созишнома ба имзо расониданд. Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар созишномаҳо ҳамкории мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT-паркҳо ва дигар […]

Дар доираи кори Форуми байнулмилалии “Помиринвест-2022” соҳибкорон ва сармоягузорон ба маблағи умумии 950 млн сомонӣ (зиёда аз 92 млн доллар) созишнома ба имзо расониданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар созишномаҳо ҳамкории мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT-паркҳо ва дигар бахшҳои ояндадор пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Форуми байнулмилалии “Помиринвест” 17 август дар шаҳри Хоруғ доир гардида, барои иштирок дар кори он зиёда аз 150 нафар иштирокчиён гирдиҳам омаданд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар кори форум, аз ҷумла раҳбарияти ва шахсони масъули сохторҳои дахлдори Тоҷикистон, сармоягузорон аз Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон, инчунин соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд.

Дар доираи кори форум дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ бо таваҷҷӯҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” чорабиниҳо баргузор шуданд.

Қобили зикр аст, ки Форуми байнулмилалии сармоягузории “Помиринвест” давора ба давра аз соли 2011 гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, соли 2021 ба иқтисоди ВМКБ ба маблағи 3,7 млн доллар сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб шуданд, ки ҳамагӣ 1,1% аз ҳаҷми умумии чунин сармоягузориро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Давоми солҳои 2008-2021 ҳаҷми ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди минтақа 103,7 млн долларро ташкил дод, ки ба 1% аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.