Сел дар Рӯшон: 68 хонавода ба макони бехавф кӯчонида шуданд

Баъд аз зуҳри 24 август дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон  сел омада, вориди 2 хонаи истиқоматӣ шуд ва ба иншоотҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ  ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Баъд аз зуҳри 24 август дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон  сел омада, вориди 2 хонаи истиқоматӣ шуд ва ба иншоотҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ  ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр бастааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ  68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба МТМУ-и №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.

“Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 25 август 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.