Сокини Истаравшан мехост, ки кӯдаки 2-соларо фурӯшад

Модари 27-солаи 3 фарзанд аз Истаравшан ба кӯшиши фурӯши писари 2-солаи худ ба як марде аз ноҳияи Ҷаббор Рауслов гумонбар дониста мешавад. Фарзанди худро ӯ 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) “нарх гузошта буд”. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузориши телевизионии ҳафтаинаи худ – “Ахбори ВКД” хабар дод. Гуфта мешавад, кормандони милитсияи […]

Asia-Plus

Модари 27-солаи 3 фарзанд аз Истаравшан ба кӯшиши фурӯши писари 2-солаи худ ба як марде аз ноҳияи Ҷаббор Рауслов гумонбар дониста мешавад. Фарзанди худро ӯ 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) “нарх гузошта буд”. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузориши телевизионии ҳафтаинаи худ – “Ахбори ВКД” хабар дод.

Гуфта мешавад, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мақсуда Юсуфоваро рӯзи 15 август дар бозори маҳаллии “Ашроф” ҳангоми аз харидор гирифтани пешпардохт ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ, ба кормандони милитсия маълумот расидааст, ки Юсуфова бо сокини ин ноҳия дар бораи фурӯши кӯдак гапзанон кардаанд ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои боздошти зан бо далели шайъӣ, як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ кунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=v77AOICmnAs

Дар ҳамин ҳол, Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар қаблан дар ҳолатҳои фурӯши кӯдакон ба ҳайси гунаҳкор “занони гумроҳшуда" ба хотири шарманда нашудан ба даст меафтоданд, пас вазъияти марбут ба Мақсуда Юсуфова аз онҳо комилан фарқ мекунад, зеро ӯ фарзанди қонунии аз собиқ шавҳараш таваллудшударо фурӯхтан мехост.

Дар гузориш Мақсуда Юсуфова изҳор мекунад, ки пештар писарашро ба интернат супорида, лекин баъдан аз онҷо гирифтааст.

Кӯдакеро, ки ӯ фурӯхтан мехост, фарзанди сеюми оила будааст. Шавҳараш аз ӯ ҷудо шуда, зан бо се кӯдак яккаву танҳо мемонад. Зан иқрор мешавад, ки аз фурӯхтани фарзанди хурдиаш каме пул ба даст оварданӣ будааст…

Нисбат ба Юсуфова мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш, ӯ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.