Воридоти орд зиёд, аммо гандум кам шудааст

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта воридоти орд ба ҷумҳурӣ дар ин давра қариб 10% афзуда, воридоти гандум 10,8% кам шуд. Нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта воридоти орд ба ҷумҳурӣ дар ин давра қариб 10% афзуда, воридоти гандум 10,8% кам шуд.

Нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ 50% ва гандум – 22% боло рафтааст.

Арзиши умумии орди ба Тоҷикистон овардашуда давоми моҳҳои январ-майи соли равон беш аз 10,2 млн доллар ва гандум – 155,2 млн долларро ташкил додааст.

Ҳиссаи орд дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар ин давра ба 0,4% ва гандум – ба 5,6% баробар шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, ҳудуди 98%-и орду гандум аз Қазоқистон  ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи чаканаи орди гандуми навъи якум дар нуқтаҳои фурӯши кишвар 20,8% зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҳукумат, Тоҷикистон дар зарфи се соли наздик воридоти гандумро ба андозаи 21,4% ва истеҳсоли онро – 12% зиёд кардан мехоҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2021 дар кишвар 1 млн 577 ҳазор тонна зироати ғалладона, аз ҷумла 864 ҳазор тонна гандум истеҳсол шуд. Имсол ба даст овардани 1 млн 594 ҳазор тоннна зироати ғалладона пешбинӣ шудааст, ки 917 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.