Суғд: Мошин ба ҷарӣ сарозер шуда, ронанда ба ҳалокат расид

Date:

Шаби 1 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як садамаи маргбор рух дод.

 «Сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Астра G» идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 15-20 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ).

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ҷасади ронандаро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш, 31-уми август бар асари як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, садама дар ҳудуди минтақаи Чоре, дар наздикии пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд рух додааст.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара тааллуқ дорад, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст.

Гуфта мешавад, ки сабаби садама дақиқан маълум набуда, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда натавонистааст мошинро идора кунад.

Дар натиҷа се мусофири мошин ҳалок, ронанда ва як мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...