Киев дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Cафири нави Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов ба Душанбе омад. Тавре ки Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд. Гуфта мешавад, зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом […]

Asia-Plus

Cафири нави Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов ба Душанбе омад.

Тавре ки Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд.

Гуфта мешавад, зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки Содиқ Имомӣ ба Валерий Евдокимов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Украина муваффақият орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Василий Евдокимов дар мансаби сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро иваз намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.