Афғонистон ин дафъа низ кишвари ноамнтарин дар ҷаҳон эътироф шуд

Тибқи радабандӣ (рейтинг)-и Global Peace Index, Афғонистон соли чорум пайдарҳам ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон эътироф мешавад. Аз соли 2019 ин кишвар дар радабандии сатҳи амният зинаи охирро ишғол мекунад, хабар медиҳад Фергана. Радабандии Global Peace Index ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносон ва иқтисодчиёни гуруҳи байнулмилалии коршиносони Пажуҳишгоҳи сулҳ дар ҳамдастӣ бо Маркази сулҳ ва омӯзиши низоъҳои […]

Тибқи радабандӣ (рейтинг)-и Global Peace Index, Афғонистон соли чорум пайдарҳам ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон эътироф мешавад. Аз соли 2019 ин кишвар дар радабандии сатҳи амният зинаи охирро ишғол мекунад, хабар медиҳад Фергана.

Радабандии Global Peace Index ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносон ва иқтисодчиёни гуруҳи байнулмилалии коршиносони Пажуҳишгоҳи сулҳ дар ҳамдастӣ бо Маркази сулҳ ва омӯзиши низоъҳои Донишгоҳи Сидней таҳия мешавад.

Барои тартиб додани индекси ҷамъбастӣ коршиносон нишондиҳандаҳои зеринро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд:  

– низоъҳои дохилӣ ва берунӣ, шиддати онҳо ва теъдоди қурбониён;

– муносибат бо кишварҳои ҳамсоя;

– ҳиссаи гурезаҳо байни аҳолӣ;

– сатҳи нобоварӣ байни шаҳрвандон;

– ноустувории сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ;

– террори сиёсӣ;

– фосилаи рух додани амалҳои террористӣ;

– шумори кушторҳо ба 100 ҳазор нафар;

– теъдоди маҳбусон;

– ҳиссаи ҷиноятҳои вазнин;

– теъдоди хизматчиён дар сохторҳои қудратӣ;

– ҳиссаи хароҷоти ҳарбӣ нисбат ба ММД;

– воридот ва содироти аслиҳа ва муҳимот;

– иштирок дар воҳидҳои СММ ё дигар неруҳо;

– дастрасӣ ба силоҳи оташфишон ва шумори силоҳу муҳимоти вазнин;

– таҷдиди қувваҳои мусаллаҳ.

Тибқи маълумоти соли 2022, аз 163 кишвари ба радабандӣ шомилшуда Афғонистон зинаи охирро ишғол мекунад. Русия дар мақоми 160-ум ҷойгир шудааст. Украина, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия аллакай шаш моҳ дар он амалиёти махсуси ҳарбӣ мегузаронанд, зинаи 153-умро ишғол кардааст. Ҳар се кишвари зикршуда дар гуруҳи ноамнтарин давлатҳо қарор доранд.

Туркманистон дар зинаи 104-ум, Қазоқистон – 97, Тоҷикистон – 92, Қирғизистон – 91 ҷойгир буда, Ӯзбекистон амнтарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ (зинаи 86-ум) дониста шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба давлатҳое чун Исроил, ИМА ва Туркия амнтар дониста шудаанд.

Се зинаи аввали радабандиро Исландия, Зеландияи Нав ва Ирландия ишғол кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.