Ҳалокати Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар таркиши Ҳирот

Имрӯз дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳироти Афғонистон яке аз мубаллиғони сарсупурдаи Толибон* Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма доштааст, кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш ҳамчунин чанде аз наздикони ин рӯҳонии маъруф ва ҷонибдори Толибон* […]

Asia-Plus

Имрӯз дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳироти Афғонистон яке аз мубаллиғони сарсупурдаи Толибон* Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма доштааст, кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш ҳамчунин чанде аз наздикони ин рӯҳонии маъруф ва ҷонибдори Толибон* ба ҳалокат расидаву захмӣ шудаанд.

Масъулони амниятии Толибон* дар Ҳирот кушта шудани Ансорӣ, хатиби масҷиди гузаргоҳи Ҳиротро ба рӯзномаи "8 субҳ" таъйид кардаанд. 
 
Ба гуфта манобеъ, ин таркиш ҳамлаи интиҳорӣ будааст, ки чандин кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст. 

Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ яке аз рӯҳониёни саршиноси Афғонистон аст, ки пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон* ба ҳимояти ин гурӯҳ бархост ва дар мавъизаҳои худ мардумро ба ҷонибдории низоми ҷории ин кишвар талқин менамуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.