IFC барои фермерони тоҷик баргузории тренингҳоро идома медиҳад

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) барои фермерони ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тарзи дурусти кӯчати помидор ва интихоби гибридҳо семинар баргузор намуд. Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, семинар бо мақсади омӯзиши фермерон бо тарзи дурусти кӯчати помидор, интихоби гибридҳо, парвариши он ва ба […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) барои фермерони ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тарзи дурусти кӯчати помидор ва интихоби гибридҳо семинар баргузор намуд.




Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, семинар бо мақсади омӯзиши фермерон бо тарзи дурусти кӯчати помидор, интихоби гибридҳо, парвариши он ва ба даст овардани ҳосили баланди сабзавот доир гардид. «Солҳои ахир кишоварзон дар парвариши сабзавот ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд ва семинарҳои омӯзишии корпоратсия маҳз ба баланд бардоштани ҳосилнокии сабзавот ва афзоиши даромади деҳқон нигаронида шудаанд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои сарчашма, агрономии корпоратсия Муҳаммадхон Эшбадалов дар маърӯзаи хеш ҳозиринро бо тарзи дурусту пурсамари кӯчати сабзавот шинос намуда, ба онҳо оид ба ширкатҳои Enza Zaden и Seminis, ки ба парвариши тухмии хушсифат машғуланд, маълумоти муфассал пешниҳод кард.

           



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.