Пирӯзии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи “King’s Сup 2022” дар Таиланд

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи 48-уми байнулмилалии «King’s Cup 2022», ки чанде пеш дар Талинад ба итмом расид, пирӯзӣ ба даст овард. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии финалӣ бо тими мунтахаби Малайзия дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор шуд. Гуфта мешавад, вақти […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи 48-уми байнулмилалии «King’s Cup 2022», ки чанде пеш дар Талинад ба итмом расид, пирӯзӣ ба даст овард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии финалӣ бо тими мунтахаби Малайзия дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор шуд.

Гуфта мешавад, вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 дастболо шуданд. Дарвозабони мо Рустам Ятимов ду зарбаи 11-метраи ҳарифонро баргардонид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали нимфиналии мусобиқаи «King’s Cup 2022» мунтахаби Тоҷикистон тими Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.