Дар Панҷакент боз як наврас дар дарё ғарқ шуд

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани аҳолӣ, ҳалокати одамон дар иншооти обӣ ҳоло ҳам рух медиҳад. Сабаби асосии ҳалок шудани одамон оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва бе назорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби волидонашон мебошад. Бино ба маълумоти КҲФ, нимаи рӯзи 24 сентябр сокини 13-солаи деҳаи […]

Asia-Plus

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани аҳолӣ, ҳалокати одамон дар иншооти обӣ ҳоло ҳам рух медиҳад. Сабаби асосии ҳалок шудани одамон оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва бе назорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби волидонашон мебошад.

Бино ба маълумоти КҲФ, нимаи рӯзи 24 сентябр сокини 13-солаи деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент бар асари риоя накардани қоидаҳо ҳангоми оббозӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.

“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ субҳи рӯзи 25 сентябр ҷасади ноболиғ дарёфт шуд. Ҷасад ба мақомоти дахлдори шаҳр супурда шуд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Кумита аз падару модарон даъват мекунад, ки ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки мавсими оббозӣ ба охир расида, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обанборҳо ба фоҷеа оварда расонида метавонад.

Тибқи маълумоти Кумита, то моҳи июли соли 2022 дар обанборҳои кишвар 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синни то 16-сола ғарқ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.