Боздошти раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон бо гумони тасарруфи беш аз 748 ҳазор сомонӣ

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти Рано Назирова, раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон хабар дода, навиштааст, ки ӯ барои тасарруфи 748 ҳазору 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад. Дар бора Маркази матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад. Манбаъ менависад, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул […]

admin

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти Рано Назирова, раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон хабар дода, навиштааст, ки ӯ барои тасарруфи 748 ҳазору 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад. Дар бора Маркази матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748 ҳазору 435 сомониро гирифтааст ва ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.

“Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба даст овардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, ки нисбати Назирова Рано бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба  андозаи 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  8  то 12 сол пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.