Дастури қатъии вазири дифоъ барои ҷалби фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар як ҷаласаи омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш  супориши қатъӣ додааст, ки бештар фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. Вазир ҳамчунин, ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ дастур […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар як ҷаласаи омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш  супориши қатъӣ додааст, ки бештар фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазир ҳамчунин, ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ дастур додааст.

“Вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоед”, – гуфтааст Шералӣ Мирзо.

Ӯ ба масъулин таъкид доштааст, ки ба пӯшидани сару либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.

Вазири дифоъ ҳамзамон, аз омода кардани мутахассисон барои артиш дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва ташкилу роҳандозии дарсу машғулиятҳои соҳавӣ гуфтааст.

Дастури вазири дифои кишвар дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта ду моҳро идома мекунад.

Ҳамин тариқ, дар гузашта хабарҳо дар бораи ба сафи артиш пайвастани фарзандони чанд мансабдори сатҳи поинӣ расонаӣ мешуд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.