Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд.
Мувофиқи фармони мазкур, даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 1 октябр оғоз мегардад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.
Дар фармони президент дар ин робита гуфта мешавад, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Ҳамчунин хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, чанде пеш Вазорати дифоъи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои нашри маълумоту сабти навори бардурӯғу беасос дар мавриди артиш ва аз ҷараёни даъват, аз ҷумла сабти ҳолати сарбозшикор ё “облава” ҷазо таъин карда шавад.
Аз Вазорати дифоъ бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо тарҳи лоиҳаи мазкурро барои баррасӣ пешниҳод намудаанд ва мақсади он пешгирӣ аз бадномашвии хизмат дар артиш аст.
Аз Вазорати дифоъ гуфтанд, ки паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурӯғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба артиш заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
“Бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи артиш ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбору овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи артиш ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, ин лоиҳа таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.
Ин ниҳод мегӯяд, тарҳ дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо амалӣ мешавад ва барои нашру паҳни иттилоъи бардурӯғ, дар марҳилаи аввал танҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
“Афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи артиш аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд”, – гуфтанд аз Вазорати дифоъ.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки то ба ҳол дар Тоҷикистон беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.