Сафорати Русия аз муҳоҷирон хост ба ҳар гуна хабарҳои нодуруст бовар накунанд

Date:

Сафорати Русия дар Душанбе бо нашри изҳорот аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар,бовар накунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки хабарҳо оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафарбарии ҷузъӣ дар Русия асоси воқеӣ надорад ва муҳоҷирон набояд ба он дода шаванд.

“Ин гуна маълумотҳо асоси воқеӣ надоранд ва ба хотири тира кардани муносибати Русия бо дигар давлатҳо паҳн карда мешаванд”, -гуфта мешавад дар изҳороти Сафорати Русия дар Душанбе.

Сафорат аз муҳоҷирони муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон хоҳиш кардааст, ки “ба ҳар гуна иғво бовар накарда, танҳо ба маълумоти расмӣ эътимод намоянд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз эълони сафарбарии ҷузъӣ дар Русия оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи артиши ин кишвар маълумотҳои зиддунақиз паҳн гардиданд. Пас аз ин сафоратҳои чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нашри изҳорот аз шаҳрвандони худ даъват намуданд, ки аз иштирок дар муноқишаҳои низомӣ дар кишварҳои дигар худдорӣ кунанд, чун барои ин дар кишварҳои аслиаашон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки ба ҷанг дар қаламрави давлати хориҷа нараванд ва дар сурати зарурат, ба сафорат, консулгариҳо ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...