Вазорати тандурустӣ: Дар байни кӯдакон хатари гирифторӣ ба гепатити А зиёд шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест

Date:

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гирифторӣ ба гепатити вирусии А дар миёни кӯдакон хабар медиҳад. Аммо ниҳоди мазкур мегӯяд, ин беморӣ мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳолатҳои сирояти бемории гепатит А дар байни бачагони аз 3 то 14-солае, ки ба мактабхо ва боғча мераванд ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин як бемории мавсимӣ аст ва ҷойи нигроние вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, «сироят асосан тавассути ғизо ва оби олуда ба вуҷуд меояд ва ба ин далел, хатари сироятёбии кӯдаконе, ки ба боғча ва мактаб мераванд, зиёд аст».

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2022 эпидемияи ин беморӣ дар кишвар дар назар нест. Инчунин, илова кард, ки дар Тоҷикистон кӯдакон зидди гепатити А эм намешаванд, зеро ба он танҳо тибқи нишондодҳои эпидемиявӣ муроҷиат мекунанд.

«Ваксина зиди бемории гепотит А дар тақвими миллии эмгузаронии пешгирикунанда дар Тоҷикистон қайд нашудааст. Азбаски ин сирояти рӯда аст ва агар гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад, шахс метавонад бемор нашавад. Дар мо беморон кам буда, аз ин рӯ, ваксина ба тақвим ворид нашудааст”, – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ҷаъфаров ёдовар шуд, ки солҳои гузашта, ки дар бархе аз манотиқи кишвар ба далели дастрасӣ ба оби тоза теъдоди беморон афзоиш ёфта, ҳудуди 20-25 ҳазор нафарро ташкил медод, ду маротиба алайҳи гепатит А беморон эм карда шуданд.

«Ин ваксинаро худи Вазорати тандурустӣ харидорӣ намуд. Ва вақте ки дар тақвим чунин ваксина вуҷуд надорад, пас арзиши он хеле баландтар аст. Ҳоло бошад, хариданро бас кардем, зеро беморон каманд”, – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 5 то 15-уми сенятбр, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод давраи эмгузаронии ройгон бар зидди бемории гузарандаи сурхча ва гулафшон баргузор гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...