spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зани гумонбар ба қатли кӯдак дар Душанбе бемории руҳӣ надоштааст

Ҳодисаи куштор рӯзи 5 март дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи пойтахт рух дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

“Дар куштори писарча хеши ӯ – зани 53-солаи амаки падари кӯдак гумонбар дониста мешавад. Айни замон тафтишот идома дорад. Гумонбаршуда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, аз аҳли ҷомеа кумак дархост мекунем ва дар сурати дидан ё донистани ҷойи зани фироркарда хоҳишмандем, ки ба телефонҳои боварии ВКД: : 221-00-57, 221-15-42, 221-00-15, 221-21-21 занг зананд”, – қайд карданд дар Раёсати ВКД-и пойтахт.

Куштор чӣ гуна сурат гирифт?

Аммаи писарчаи кушташуда дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки дар куштор зани амаки падари кӯдак, Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Писарчаи кушташуда

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфт ӯ. – Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест”.

Зан қайд кард, ки писарча баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин барнагашт. Оилаашон дар фикри он будаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиаашон аст, ки роҳбари синфи писарча мебошад.

Баъди фаҳмидани он, ки ӯ дар мактаб нест, ҷустуҷӯи ӯ оғоз гардидааст, ки се соат идома ёфтааст.

“Бародарам он вақт дар бозор буд ва ба хона омада, дарҳои мағозаро баста дид. Сипас ба санҷиши ҳар як ҳуҷраи хона сар кард. Ӯ чизеро пай бурда буд ва дар яке аз ҳуҷраҳо ҷасади писаракро дарёфт. Мо ба доду фарёд ҳозир шуда, ҷасади ҷиянамро оғуштаи хун дидем. Ба сараш бо чизе задаанд, ки ба хунравии зиёд боис шудааст”, – ҳикоят кард аммаи писарак.

Ба гуфтаи зан, онҳо бо бародараш ҳамсояанд: хонаҳои онҳоро танҳо як девор ҷудо мекунад. Гумонбаршуда, ки оила бо ӯ пас аз ҷанҷоли оилавии навбатӣ аз соли 2017 ногап аст, низ ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад.

“Дар ВАО навиштанд, ки Муборак рӯҳан бемор аст, лекин ин дурӯғ аст, ӯ зани солим буда, гирифтори ягон беморӣ нест. Ӯ писаракро бар асари ҳасад кушта метавонист, зеро ҳамеша ба модари ман, бибии писарча ва хоҳаршӯяш аз либоспӯшиву рафтораш ҳасад мебурд”, – қайд кард аммаи кӯдак.

Ба қавли номбурда, кормандони милитсия онҳоро дар бораи ин ҳодиса бозпурсӣ кардаанд, лекин то ҳол гумонбаршуда дастгир нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.   

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...