spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хоҷа Шақиқи Балхиро Себистон мекунанд: идомаи тағйири номи деҳаҳо

Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод бо пешниҳоди тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳукумат муроҷиат кардаанд. Ҳукумат низ аз палатаи болоии парлумон дархост кардааст, ки аз ин ташаббус ҷонибдорӣ шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ.

Ба ин тариқ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Фархор ҷамоати “Деҳқонариқ” ба “Деҳқонобод”, ҷамоати “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” – ба “Истиқлол”, ҷамоати “Ғайрат” – ба “Хуросон”, ҷамоати “Ғалаба” – ба “Хутан” ва деҳаи Хуррамзамин – ба Ориён табдили ном кунанд.

Дар ноҳияи Данғара тағйири номи ҷамоати “Оқсӯ” ба “Сафобахш”, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ – ба Себистон, деҳаи Мундоқ – ба Доманкӯҳ ва деҳаи Кангӣ – ба Меҳргон пешниҳод шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баррасии масъалаи табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар Маҷлиси миллӣ

Пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи ҷамоати Узун ба Золи Зар, ҷамоати Фрунзе – ба Навоӣ, деҳаи Москва – ба Зарзамин, деҳаи Ҳосилот – ба Обчакорон, деҳаи Киров – ба Даштобод ва деҳаи Ташробод – ба Сабзадашт иваз карда шавад.

Дар ноҳияи Темурмалик номи шаҳраки Советро ба Баҳманрӯд, ҷамоати Лақайи Кармишевро – ба Кӯшктеппа, ҷамоати Бобоюнусро – ба Чилчаҳ ва ҷамоати Қарақамишро – ба Ҳусайнобод тағйир доданианд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод табдили номи ҷамоати Мунвавваршо Шогадоев ба Зарафшон, деҳаи Келинбоқӣ – ба Сурхкӯҳ, деҳаи Капалӣ – ба Сафедмун, деҳаи Зарафшон – ба Шинг ва деҳаи Анвар Қаландаров – ба Анваробод дархост шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...