Дар тамрингоҳи низомии Белгород 11 нафар кушта ва 15 кас захмӣ шуданд

Бар асари тирпаронӣ дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород, ки расонаҳо аз он ҳамчун амали террористӣ зикр мекунанд, 11 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати дифои Русия. Гуфта мешавад, ҳамлагарон ду нафар зодаи яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳангоми машқи тирпаронӣ ба сӯи […]

Asia-Plus

Бар асари тирпаронӣ дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород, ки расонаҳо аз он ҳамчун амали террористӣ зикр мекунанд, 11 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати дифои Русия.

Гуфта мешавад, ҳамлагарон ду нафар зодаи яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳангоми машқи тирпаронӣ ба сӯи ҳамхидматони худ тир парронда, худашон ҳангоми оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Дар бораи маҳз аз кадом кишвари ИДМ будани ҳамлагарон мушаххас маълумот дода намешавад.

Ба гуфтаи Вазорати дифоъи Русия, дар ин тамрингоҳ нафароне, ки бо роҳи сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш даъват шуда буданд, барои ҷанг ба Укроин омодагӣ медиданд.

Нашрияи “Коммерсантъ” менависад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 105 КҶ ФР (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷазои ҳадди ниҳоӣ мутобиқи он 20 соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.

Тибқи маълумоти нашрия, ба корҳои тафтишот Раёсати тафтишоти ҳарбии Кумитаи тафтишот дар Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ машғул буда, сипас парванда ба Сарраёсати тафтишоти ҳарбӣ супурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.