Қурби рубл нисбати сомонӣ то ба сатҳи ним сол пеш поин рафт

Қурби рубли Русия пас аз беқурбшавии босуръат давоми ҳафтаи ахир, рӯзҳои истироҳат каме боло рафт. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла бар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад, дар 5 рӯзи ҳафтаи гузашта ба андозаи 3,4% – аз 164 сомонӣ барои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби рубли Русия пас аз беқурбшавии босуръат давоми ҳафтаи ахир, рӯзҳои истироҳат каме боло рафт. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла бар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад, дар 5 рӯзи ҳафтаи гузашта ба андозаи 3,4% – аз 164 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи душанбе то ба 158,5 сомонӣ – дар рӯзи ҷумъа коҳиш ёфт.

Дар рӯзҳои истироҳат қурби рубл дар сатҳи 159 сомонӣ қарор гирифта айни замон дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад. Қурби рубл нисбати сомонӣ ахиран 22 апрели соли равон дар ҳамин сатҳ қарор дошт.

Қурби расмии доллар ва евро дар ин давра агар начандон зиёд ивазшавии он ба ин ё он самт ба назар гирифта нашавад, қариб бетағйир боқӣ монд. Айни замон тибқи қурби Бонки миллӣ 1 доллар 10,2185 сомонӣ ва 1 евро – 9,9610 сомонӣ нарх доранд.

Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии рублро нисбати сомонӣ баъди муддати тӯлонӣ дар сатҳи баланд қарор доштан, мутахассисон ба ногаҳон болоравии қурби доллар ва евро дар ҷараёни савдои биржаи Маскав дар ҳафтаи гузашта рабт медиҳанд: қурби доллар аз 54 то 63 рубл ва евро – аз 58 то 62 рубл боло рафт.

Коршиносони рус инро ба шиддати вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон ва таҳримҳои нав алайҳи Русия нисбат медиҳанд.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Аз се як ҳиссаи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи аввалро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% – бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.