Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СААД ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби Созмон баррасӣ карданд

Date:

Имрӯз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бо Станислав Зас,  Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби СААД, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

“Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд,” – афзудааст манбаъ.

Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД, муҳокима карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...