Моҳи сентябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар неруи барқ фурӯхт

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар неруи барқ содир кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 100 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 11,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар неруи барқ содир кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 100 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 11,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Ҳиссаи неруи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 6%-ро ташкил дод.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Аммо маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо моҳи август маблағи содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба андозаи 5,5% – аз 18,1 млн то 17,1 млн доллар кам шудааст.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр ба маҳдудияти интиқоли неруи барқ дучор мешаванд.

ШСХК “Барқи тоҷик” ҳафтаи гузашта дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.