Самандар Муродов ба раҳбари UFC: “Дана, ба ман шартнома деҳ!”

Самандар Муродов, муборизи 23-солаи ММА аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Road to UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар охири даври аввал Ҷиан Сикуэйраи бразилиягиро буғӣ карда, 9-умин пирӯзии худро ба даст овард.  Ҳоло барои ӯ роҳ ба лигаи UFC боз аст ва пас аз тасдиқи номзадиаш аз ҷониби роҳбарияти Лига ӯ сеюмин муборизи тоҷик дар UFC […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Самандар Муродов, муборизи 23-солаи ММА аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Road to UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар охири даври аввал Ҷиан Сикуэйраи бразилиягиро буғӣ карда, 9-умин пирӯзии худро ба даст овард. 

Ҳоло барои ӯ роҳ ба лигаи UFC боз аст ва пас аз тасдиқи номзадиаш аз ҷониби роҳбарияти Лига ӯ сеюмин муборизи тоҷик дар UFC хоҳад шуд. Ин мавзӯъ дар ояндаи наздик пас аз эълони номи рақиби баъдиаш маълум мешавад. Дар ҳоли ҳозир Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров муборизони UFC ҳастанд.

Самандар Муродов фаъолияти кориашро соли 2018 оғоз кардааст. Вай дар вазни 77 кг баромад мекунад.

Самандар дар вазни (77 кг) қаҳрамони Eagle Fighting Championship (EFC), як ширкати промоутерӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошад, ки соли 2020 аз ҷониби Ҳабиб Нурмагомедов таъсис ёфтааст.

Пас аз муҳориба Самандар мустақиман ба Дана Уайт – раҳбари UFC – бузургтарин созмони MMA дар ҷаҳон бо ин суханон муроҷиат кард: "Дана, ба ман шартнома деҳ!".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.