Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ (ё худ озодапаланг), ки ҳамасола 23 октябр дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, бо ташкили конфронси илмӣ таҷлил карда шуд. Дар ин конфронс қариб 50 нафар коршиносон, олимон, намояндагони созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (AKAH), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Лоиҳаи Фонди глобалии муҳити зист, Иттиҳодияи шикорчиёни Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳое, ки бо ҳифзи бабри барфӣ ва дигар масъалаҳои ба марбут ба экосистема дар Тоҷикистон сару кор доранд, иштирок намуданд.
Конфронси мазкур аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мусоидат ва баррасии фаъолияти ташкилотҳо ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи миллии баргузоркунии чорабиниҳо ва ӯҳдадориҳои марбут ба ҳифзи бабри барфӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 равона шудааст, баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи саршумори бабри барфӣ дар мавзеъҳои қаторкӯҳҳои Помир тавассути методологияи мушоҳидаи техникии натиҷабахш», ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағгузории Фонди Шоҳзода Садруддин Оғохон оид ба ҳифзи муҳити зист (PSAKFE) амалӣ мешавад, ҷараён гирифт.
Бабри барфӣ яке аз ҷонварони тавоно, дилрабо ва бениҳоят осебпазир буда, дар манзараҳои баландкӯҳу ноҳамвор дар баландиҳои зиёда аз 3000-4500 м зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла шикори бераҳмонаи ғайриқонунӣ шумораи онҳо дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ кам шуда истодааст.
Мушкилоти камшавии бабри барфиро ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб дарк карда, ҳамаи талошҳои худро барои ҳифзи ин намуди оилаи гурбаҳои нодири зери хатар қарордошта, равон кардаанд. Аз ҷумла, дар доираи Эъломияи Бишкек оид ба ҳифзи бабрҳои барфӣ, ки соли 2012 ба имзо расид, ҳамкорӣ карда истодаанд. Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Эъломияи Бишкек солҳои 2012 ва 2017 қонун дар бораи мубориза бо шикори ғайриқонунӣ ва куштори бераҳмонаи бабри барфиро қабул кард. Дар якҷоягӣ бо Агентии Оғо Хон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи роҳҳои рафъи оқибатҳои бархурди одамон ва ҳайвоноти ваҳшӣ ва барои ҳифзи макони зисти бабри барфӣ ва экосистемаи кишвар саҳмгузорӣ мекунад.
Дар ҷараёни конфронси «Ҳифзи саршумори бабри барфӣ тавассути идоракунии натиҷабахши макони зист», ки аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва КҲФ моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои сармоягузории ҳифзи макони зисти бабри барфӣ, таъмини ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувор дар кишвар, инчунин аҳамияти ҳамкории самарабахш байни ҳамаи тарафҳои ҳавасманди кишвар, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, қабули стратегияи барқаркунии саршумори бабри барфӣ, ҳифзи макони зисти онҳо ва ҳамзамон коҳиш додани бархурди одамон ва ҳайвоноти ваҳшӣ баррасӣ карда шуданд.
Директори иҷроияи AKAH дар Тоҷикистон, ҷаноби Наваб Хан қайд намуд, ки «Бархӯрди одамон ва ҳайвоноти ваҳшӣ барои бабри барфӣ ва воситаҳои зиндагонии ҷомеаҳои манотиқи кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус кӯҳҳои Помир хатари бузург доранд. Асосан кушта шудани чорво аз ҷониби бабри барфӣ дар кашарҳо ва оғилхонаҳо, ки боиси талафоти назарраси захираҳо некӯаҳволии мардуми минтақаҳои дурдаст мегардад, оқибатҳои манфӣ дорад ва равиши зиндагии манотиқи дурдаст ва канори кӯҳистонро боз ҳам мушкилтар месозад. Ҳамчунин, олами ҳайвоноти ваҳшӣ як қисми экосистемаҳои ҷаҳон бужа, мувозинат ва устувории равандҳои табииро таъмин мекунанд, аз ин рӯ, ҳадафи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ин кафолати зинда мондани ин намудҳои нодир ва омӯзонидани одамон баҳри ҳамзистии устувор бо дигар намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ нигаронида шуда, барои ҳалли ин мушкилот AКAH дар якҷоягӣ бо шарикони давлатии худ, барномаҳои таълимӣ ва тарғиботиро барои ҳавасмандгардонии аҳолии маҳаллӣ ба муҳофизати ҷангалҳо ва олами ҳайратангези онҳо, баланд бардоштани донишу тавоноии ҷомеаҳо дар мутобиқшавӣ ва посухдиҳӣ ба бархурдҳои одамону ҳайвоноти ваҳшӣ мегузаронад. Инчунин ҳифзи саршумори бабри барфӣ бо истифода аз воситаҳои боэътимоди мониторинг, ки аз муҳимтарин қадамҳои амалгардонии ҳифз дар саросари ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, амалӣ шуда истодааст. Чунин масъаларо танҳо танзим ва ҳал кардан номумкин аст, аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки тамоми ҷонибҳои манфиатдори кишвар барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва таъсири мусбӣ барои ҳифзи он муттаҳид шаванд».
Дар конфронс ҳудуди 10 рӯнамоҳо оиди ҳифзи устувори экосистемаҳои баландкӯҳӣ ва идоракунии самараноки макони зисти бабри барфӣ муаррифӣ гардида, баъдан як силсила мубоҳисаҳо оиди ҳифзи бабри барфӣ, аз ҷумла тадқиқот марбут ба роҳҳо ва усулҳои кам кардани бархурдҳои одамон ва ҳайвоноти ваҳшӣ, усулҳои мусоидат ба татбиқи нақшаҳои дарозмуддати ҳифз дар кишварҳои зисти бабри барфӣ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи фаромарзӣ, тарғибу ташвиқот ва стратегияҳо бо дигар кишварҳои ҳамсоя ва усулҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба ҳифз ва нигоҳдории ин намуди арзишманд ва макони зисти он дар кишвар баррасӣ ва пешниҳод намуданд.
Конфронс, ки дар он намояндагони созмонҳои мухталиф ширкат варзида буданд, инчунин имкон дод, ки минбаъд барои такмил додани консепсияҳо, нақшаҳо ва стратегияҳои миллии саршумори бабри барфӣ ва равишҳои ҳифзу нигоҳдории он дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкорӣ карда шавад. Сипас, дар муҳокимарониҳо иштирокчиён нақшаи чорабиниҳоро аз нав дида баромада дар асоси гузоришҳои иштирокчиён ва натиҷаҳои бадастомада нақшаи минбадаи худро ҳамоҳанг сохтанд.
Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист тавассути муттаҳид кардани имконот ва иқтидори якчанд агентиҳо ва барномаҳои AKДН, аз қабили Кӯмаки башардӯстонаи FOCUS, Хадамоти Оғохон оиди банақшагирӣ ва сохтмон, Ташаббуси идоракунии хатари офатҳои табиии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд таваҷҷӯҳи онҳоро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва пешрафтаистода равона кардааст. Дар вокуниш ба таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим, Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (AKAH) барои фароҳам овардани муҳити амнтарин барои камбизоатон фаъолият мекунад, то одамоне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд, барои посухдиҳӣ ба чунин офатҳо омода бошанд ва ҳангоми дастрасӣ ба хидматҳои иҷтимоӣ ва молиявӣ, ки ба онҳо тавонманданд ва сифати зиндагии онҳоро беҳтар мекунанд, бо оқибатҳои офатҳои табиӣ мубориза баранд. Дар мадди аввал, самтҳои афзалиятноки АКАН Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон хоҳанд монд. Барои дарёфт намудани иттилоотҳои дигар дар бораи АКАН аз сомонаи агентӣ истифода баред.


