Дар форуми байнулмилалии Петербург тарроҳони тоҷик чӣ гуна либосҳо муаррифӣ карданд?

Форуми байнулмилалии “Содружество моды" (Иттиҳоди мӯд) рӯзи 19 октябр дар кохи Таврический – қароргоҳи Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ маҷмӯи (коллексияи) сарулибоси тарроҳони тоҷик низ муаррифӣ шуд. Тоҷикистонро Tajikistan Fashion Week бо маҷмӯи сарулибоси тарроҳон Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова ва Садбарг Мадраҳимӣ намояндагӣ карданд. Ба гуфтаи директори генералии Tajikistan Fashion Week […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Форуми байнулмилалии “Содружество моды" (Иттиҳоди мӯд) рӯзи 19 октябр дар кохи Таврический – қароргоҳи Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ маҷмӯи (коллексияи) сарулибоси тарроҳони тоҷик низ муаррифӣ шуд.

Тоҷикистонро Tajikistan Fashion Week бо маҷмӯи сарулибоси тарроҳон Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова ва Садбарг Мадраҳимӣ намояндагӣ карданд.

Ба гуфтаи директори генералии Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов, тамоми маҷмӯи либоси муаррифишуда танҳо аз матои миллӣ дӯхта шуд.

Иброҳимов дар ин ҳамоиш ҳамчунин дар мавзӯи "Баҳори дурахшони 23-юм бо таъми этникӣ" (Яркая весна 23-го с этническим колоритом) маърӯза карда, дар бораи вазъи имрӯзаи саноати мӯд дар Тоҷикистон ва фаъолияти тарроҳону истеҳсолкунандагон дар саноати сабук маълумот дод.

Дар кори форум ҳам бо ҳузури бевосита ва ҳам тариқи реҷаи онлайн 700 нафар намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

“Ин намоишгоҳ аз як сӯ асолати фарҳангҳо ва аз ҷониби дигар таъсири онҳоро ба ҳамдигар таҷассум кард”, – изҳор дошт Иброҳимов.

Чорабинӣ бо шоуи мӯд, ки дар он маҷмӯи нави либоси тарроҳони муваффақ аз кишварҳои ИДМ муаррифӣ шуд, анҷом пазируфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.