Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми футболи Осиё-2023 маълум шуданд

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чемпионати мазкур аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар қуръакашӣ, ки рӯзи 26 октябр дар Тошканд […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чемпионати мазкур аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар қуръакашӣ, ки рӯзи 26 октябр дар Тошканд баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» и «D» тақсим шуданд.  Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо аз 4 даста иборат аст. Натиҷаҳои қуръакашӣ чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ чемпиони 12-каратаи Осиё дар ин синнусол буда, ин нишондиҳандаи рекордӣ дар Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Ғайр аз ин, ин даста 5 маротиба медалҳои нуқра ва 6 маротиба медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё байни бозингарони 20-соларо ба даст овардааст. Урдун ва Уммон ба мисли Тоҷикистон ҳоло дастоварде надоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.