Эродҳои вазир ислоҳ нашуд. Роҳбари кӯдакистон барканор ва директори мактаб ба кори дигар гузаронида шуд

Директори кӯдакистони №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки чанде пештар Раҳим Саидзода, вазири мориф ва илми Тоҷикистон дар фаъолияти он камбудиҳоро ошкор карда, барои ислоҳи он муҳлат дода буд, барои бартараф накардани норасоиҳо аз вазифа озод шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар медиҳанд. Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, директори мактаби №42-и ноҳияи […]

Директори кӯдакистони №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки чанде пештар Раҳим Саидзода, вазири мориф ва илми Тоҷикистон дар фаъолияти он камбудиҳоро ошкор карда, барои ислоҳи он муҳлат дода буд, барои бартараф накардани норасоиҳо аз вазифа озод шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар медиҳанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, директори мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар фаъолияти он ҳам камбудиҳо ошкор шуда буд, барои дар муҳлати муайяншуда бартараф накардани он, аз вазифа озод ва ба маснаби дигар таъйин шудааст.

Маълум нест, ки ӯ мансаби пасттар гирифтааст ё баландтар.

Вазорат мегӯяд, барои санҷиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, мовини вазир ба кӯдакистони №134 ва мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ рафта буд.

Аз ин ниҳод афзуданд, санҷиши дубора маълум кард, ки ҳанӯз ҳам дар кӯдакистони №42 баъзе камбудиҳо ҷой доранд.

“Аз ҷумла, ҳанӯз ҳам дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов, иваз нагардидани шишаҳои шикастаи тирезаҳо, норасоии ҷойи нишаст ва дар як синф якҷо дарс гузаштани ду омӯзгор ба хонандагон аз ҷумлаи камбудиҳое буд, ки дар рафти боздиди муовини вазир аз муассиса ба мушоҳида расиданд”, – гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод мегӯяд, бори дигар ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешанд.

Онҳо гуфтанд дар сурати иҷро накардани камбудиҳо нисбати директорон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия чораи зарурӣ андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми октябр Раҳим Саидзода зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.