Нақзи реҷаи корӣ, надодани хӯрок ва ҳақорати талабаҳо. Вазир ба мудири маориф як ҳафта муҳлат дод

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат додааст. […]

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат додааст.

Аз дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки вазири маориф, ҳамроҳи муовинонаш рӯзи 13 –уми октябр аз ин муассисаҳо дидан кардааст.

Ба таъкиди манбаъ, дар ҷараёни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, бавижа захира накардани маводи хӯрокворӣ барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулияти кӯдакон, дуруст истифода нашудани заминҳои назди муассиса, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки зимни боздиди роҳбарияти вазорат ба мушоҳида расиданд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар мактаби №42 маълум гардид, ки корҳои тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд.

“Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қуттиҳои партов ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расиданд”, – гуфт манбаъ.

Аз вазорат гуфтанд, ба роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта як ҳафта муҳлат дода шуд.

“Дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳо нисбати директорон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия чораи зарурӣ андешида мешавад”,- гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...